Устав Ассоциации

 

«Тасдиқ карда шудааст»

Дар Маҷлиси умумии муассисон

Суратмаҷлиси №1

Аз  30 июни соли 2010 

 

 

 

 

 

 

 

ОИННОМАИ

«Ассосиатсияи корхонаҳои

саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

1. Муқаррароти умумӣ

            1.1. «Ассосиатсияи корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд Ассосиатсия) ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад. Он тибқи шартномаи байни муассисон барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ, ки дар боби 3 Оинномаи мазкур омадааст, таъсис ёфтааст.

1.2.Ассосиатсия фаъолияти худро мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва Оинномаи мазкур амалӣ месозад.

1.3.Номи пурраи Ассосиатсия: «Ассосиатсияи корхонаҳои саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон». Номи мухтасари Ассосиатсия: «АКССҶТ».

1.4.Муассисон (минбаъд дар матн аъзоён)-и Ассосиатсия шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ месозанд ва ҳадафҳои Ассосиатсияро эътироф менамоянд.

1.5.Суроғаи Ассосиатсия: шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ,6.

 

2. Статуси ҳуқуқии Ассосиатсия

            2.1.Ассосиатсия аз лаҳзаи гузаштан аз бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.

2.2.Ассосиатсия моликияти хос, баланси мустақил, ҳуқуқи кушодани суратҳисоб, аз ҷумла бо асъори хориҷӣ дар банкҳо ва дигар муассисаҳои кредитиро дорад. Соҳиби мўҳрҳои давра, чоркунҷа, барга бо номи худ ва дигар воситаҳои муайянкунандаи шохиси худ мебошад.

2.3.Барои расидан ба ҳадафҳои худ Ассосиатсия ҳуқуқ дорад аз номи худ шартномаҳо бандад, хулосаҳои ташхисӣ диҳанд, ҳуқуқҳои моликӣ ва шахсии ғайримоликиятиро ба даст оварад ва ба иҷро расонад, ўҳдадорӣ ба зимма гирад, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад кунад.

2.4.Барои иҷрои фаъолиятҳои соҳибкорӣ Ассосиатсия метавонад ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳад ё дар ҳайати чунин хоҷагиҳо ширкат варзад. Филиал ва намояндагиҳое ташкил намояд, ки шахси ҳуқуқӣ намебошанд ва дар асоси низомномаҳои дар бораи онҳо тасдиқшуда амал мекунанд.

2.5.Ассосиатсия тибқи тартиби дар Қонун нишондодашуда метавонад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намояндагии худро кушояд.

2.6.Ассосиатсия барои ўҳдадориҳои аъзоёни худ ҷавобгарӣ ба зимма намегирад, аъзоёни Ассосиатсия бошанд, барои ўҳдадориҳои Ассосиатсия баробари ҳиссаи ҳаққи аъзогияшон ҷавобгарӣ ба зимма мегиранд, ки инро ўҳдадории субсидиарӣ меноманд. Чунин ўҳдадориро аъзоёни аз ҳайати Ассосиатсия хориҷшуда низ давоми ду соли минбаъда ба зимма мегиранд. Давлат ва мақомоти он барои ўҳдадориҳои Ассосиатсия ҷавобгарӣ ба зимма намегирад, Ассосиатсия барои ўҳдадориҳои давлат ва мақомоти он ҷавобгарӣ ба зимма надорад.

2.7.Аъзоёни Ассосиатсия нисбати моликияти Ассосиатсия ҳуқуқи моликиро доро намебошанд.

2.8.Аъзоёни Ассосиатсия мустақилияти худ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқии доштаашонро аз даст намедиҳанд.

 

3.Ҳадаф ва мақсадҳои Ассосиатсия

   Ҳадафи таъсиси Ассосиатсия коркарди стратегияи рушди соҳа, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти истеҳсолкунандагони мол, ки ба ворид сохтани маҳсулоти онҳо дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ равона гаштааст, тайёр кардан ва иҷрои чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифат ва рақобатнокии моли истеҳсолшаванда, ташкил кардан ва гузаронидани намоишгоҳҳо, маъракаҳои фурўши мол, ҳимояи манфиатҳои аъзоёни Ассосиатсия дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ва ғайра мебошад.

 

 

 

                     3.1.Ҳадафҳои Ассосиатсия иборатанд аз:

  • кўмак расондан ба аъзоён дар масъалаи коркард, истеҳсол ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот, ворид сохтани маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ;
  • омўзиши талабот ба маҳсулоти тайёр дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифати ватании нисбатан арзон;
  • ҳимояи манфиатҳои аъзоёни Ассосиатсия дар мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти аъзоёни Ассосиатсия таъсири бевосита мерасонанд;
  • кўмак ва ҳамдастӣ дар рушд ва такмили дастовардҳои истеҳсолоти ватанӣ;
  • ҳамкорӣ дар кори васеъ намудани масъалаҳои умда ва мушкилоти асосии мавриди назар, ки ба беҳбуд бахшидани фаъолият дар соҳаи истеҳсолот алоқаманданд;
  • васеъ  намудани алоқаҳои байналхалқии истеҳсолӣ-иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият бо роҳи барқарор намудани муносибатҳои корӣ бо шахсони ҳуқуқии мамлакатҳои ИДМ, Иттиҳоди Аврупо ва хориҷи дур;
  • ширкат дар масъалаи таъмини моддӣ-техникии аъзоёни Ассосиатсия;
  • баланд бардоштани сатҳи касбӣ (тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо), таъмини иттилооти гуногуни тиҷоратӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ бо назардошти кор дар бозори мамлакатҳои хориҷа;
  • иштирок ва ташкили семинар, конфронс, намоишгоҳ, чопи китоб, каталог, нашрияҳои расмӣ, монография ва дигар маводе, ки тамоми соҳаҳои фаъолияти Ассосиатсияро инъикос мекунанд;
  • ҷалби сарпарастон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ, намояндагиҳо бо мақсади маблағгузории чорабиниҳое, ки дар Ассосиатсия гузаронда мешаванд ва барои васеъ кардани доираи фаъолият дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии корхонаҳои истеҳсолӣ;
  • ҳимояи манфиатҳои аъзоёни Ассосиатсия дар мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо, дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таъсиси сохторҳои маҷмўавии иттилоотӣ ва банкҳои маълумот барои қабули қарорҳои идоравии Ассосиатсия.

 

           3.2.Ассосиатсия вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • ба такмили ҳамкорӣ ва пешрафти гуфтушунид дар байни аъзоёни Ассосиатсия, муттаҳидӣ ва мутобиқгардонии фаъолияти онҳо дар кори рушди захираҳои истеҳсолии мамлакат  мусоидат менамояд;
  • мониторинг ва таҳлили бозори моли дохилӣ ва байналхалқиро  мегузаронад;
  • дар такмил додан ва ғанӣ гардондани донишҳои ихтисосии аъзоёни Ассосиатсия ширкат меварзад, курсҳои такмили ихтисос ташкил менамояд;
  • озмун, намоиш, намоишгоҳи молҳои истеҳсоли ватаниро бо мақсади ҷустуҷў ва дастгирии молҳои нав доир менамояд, дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ ширкат меварзад, бо мақсади дастгирии рушди дастовардҳои молҳои истеҳсоли ватанӣ бозиҳои лотерея ташкил менамояд;
  • барои аъзоёни Ассосиатсия мукофот, стипендия, дигар ҳавасмандиҳо таъсис медиҳад;
  • бо тартиби муайянкардаи қонун дар ташкили содирот ва воридоти мол ҳамкорӣ менамояд;
  • воситаҳои ахбори оммаро  таъсис медиҳад, ба фаъолияти ноширӣ машғул мешавад, дар коркард ва иҷрои барномаҳои тайёр ва баровардани маҷалла, маҷмўа, монография, иттилоияҳои мунтазами хабарӣ-таҳлилӣ оид ба масъалаҳои ба миён гузоштаи аъзоёни Ассосиатсия ширкат меварзад;
  • дар шабакаи Интернет сайт, WWW–серверҳо  таъсис медиҳад, ҳамчунин, бюллетенҳои электронии шахсӣ мебарорад;
  • барои ба бозорҳои ИДМ баровардани маҳсулоти хеш базаи иттилоотӣ-машваратӣ таъсис медиҳад;
  • пешниҳод намудани маҳсулот, мол ва хизматрасонии аъзоёни Ассосиатсия тавассути чорабиниҳои якҷоя, гузаронидани намоишгоҳҳои ҳамешагӣ, якбора, презентатсия, нашри каталогҳо ва ғайра;
  • гузаронидани маҷмўи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифат ва рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда;
  • гузаронидани чорабиниҳое, ки ба пайдо кардани ном ҳамчун кафолати риоя шудани тамоми талаботи ҳозиразамон, аз ҷумла сифати маҳсулоти Ассосиатсия нигаронда шудаанд;
  • рушди шаклҳои самараноки ҳамкорӣ бо истеъмолкунандагони асосӣ ва оммавии маҳсулот, тарғиби маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ;
  • ҳамкорӣ дар бобати рушди рақобати бовиҷдонона дар байни аъзоёни Ассосиатсия бо таъмин намудани риояи қонунгузориҳо оид ба фаъолияти зидди монополӣ;
  • гузаронидани тадбирҳо алайҳи пешгирии рақобатнокии носолим (бевиҷдонона) дар бозори дохилӣ;
  • мусоидат намудан барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҳамоҳангӣ бо кормандону мутахассисон аз истеҳсолот;
  • татбиқнамудани дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот;
  • мусоидат намудан ба гузаронидани таҷрибаомўзии истеҳсолӣ дар базаи корхонаҳои аъзои Ассосиатсия;
  • дигар вазифаҳое, ки ба ҳадафҳои Ассосиатсия ва қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон  зид нестанд.

 

3.3.Барои расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои зикршуда Ассосиатсия бо тартиби қонунӣ корҳои зеринро ба иҷро мерасонад:

  • ҳамкорӣ дар иҷрои лоиҳа ва барномаҳои истеҳсолии бо кўмаки Ассосиатсия омода кардашуда;
  • ҷамъоварӣ, баррасии пешакӣ ва ҳамоҳанг сохтани пешниҳодҳо оиди ҳамкории корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулот равона шудаанд;
  • ба аъзоёни Ассосиатсия ва дигар ташкилотҳои манфиатдор расондани кўмак оид ба масъалаҳои идоравӣ, шартномавӣ, ҳуқуқӣ, иштирок дар ярмарка ва намоишгоҳҳо, расондани дигар кўмакҳои амалӣ;
  • ҷустуҷўи шарикони эҳтимолӣ дар байни корхона, иттиҳодия, ташкилотҳо, ҳамчунин, ташкилот ва ширкатҳои хориҷӣ дар бобати ба роҳ мондани алоқаҳои бевосита байни онҳо ва аъзоёни Ассосиатсия, омўзиши имкониятҳои фаъолияти инноватсионӣ, коркард ва иҷрои лоиҳаи мутобиқ ба онҳо;
  • ба вуҷуд овардани симои (имиҷи) Ассосиатсия ҳамчун иттиҳоди пешсафон дар масъалаи сифат дар бозори маҳсулоти истеҳсолшаванда;
  • ширкат дар кори ташкилотҳои байналхалқӣ ва ғайра оид ба коркард, истеҳсол ва фурўши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ;
  • ширкат дар ташкил ва гузаронидани семинар, конфронс, намоишгоҳ ва дигар чорабиниҳои аз ҷиҳати ҷамъиятӣ муҳим дар соҳаи истеҳсоли маҳсулот;
  • ба манфиати аъзоёни Ассосиатсия дар доираи салоҳияти худ, мутобиқ ба қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти берунии иқтисодӣ машғул мешавад;
  • барои таъмини манфиатҳои молиявии аъзоёни Ассосиатсия ва иҷрои лоиҳаҳои умумӣ фондҳои мақсадноки дастгирии молиявиро ташкил медиҳад ва онҳоро мавриди истифода қарор медиҳад;
  • дар доираи тавоноии ҳуқуқии худ ва иҷрои ҳадафҳои фаъолияти Ассосиатсия фаъолияти рекламавӣ ва ношириро ба роҳ мемонад;
  • дар бораи фаъолият ва натиҷаҳои кори худ иттилоотро нашр ва паҳн менамояд;
  • пардохтхои ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва хориҷӣ,  шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шахсони ҳуқуқии хориҷии ҳамаи намуди моликиятро ба ҳисоби асъори миллӣ-сомонӣ ва асъори хориҷӣ, коғазҳои қимматнок, ҳама гуна моликияти манқул ва ғайриманқул ҷалб менамояд;
  • ба мақомоти ҳукуматӣ ва муассисаҳои давлатӣ бо дархост ва пешниҳод муроҷиат мекунад, дар коркарди қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ тибқи қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзад, ба мақомоти давлатӣ дар бобати беҳбудӣ ва ҳалли ҳуқуқии масъалаҳо, ки ба фаъолияти оинномавии Ассосиатсия дар истеҳсолот дахлдор мебошанд, дархостҳо пешниҳод менамояд;
  • ба фаъолияти соҳибкорӣ, хоҷагӣ ва  берунииқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳо дар чаҳорчўбаи кори Ассосиатсия ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои оинномавӣ машғул мешавад;
  • ҷамъият ва дигар ташкилотҳои хоҷагидориро бо доштани ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ таъсис медиҳад, моликиятеро харидорӣ менамояд, ки барои таъмини фаъолияти соҳибкорӣ муайян шудааст. Даромади дар натиҷаи фаъолияти он ба даст овардашуда барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои оинномавии Ассосиатсия масраф мешавад;
  • дар сохтмон ва тармими бино ва иншооти харидашуда ширкат меварзад, ҳамчунин, таҷҳизоти зарурӣ ва дигар моликияти манқул ва ғайриманқулро мутобиқи қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ менамояд;
  • тибқи ҳадафҳои оинномавӣ бо тамоми шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ мутобиқи қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна гуфтушунид ва дигар амалҳои ҳуқуқиро, ки ба қонунгузориҳои ҷорӣ муқобил нестанд, анҷом медиҳад;
  • Ассосиатсия аъзоён ва мутахассисони соҳаи саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа муаррифӣ менамояд;
  • манфиатҳои аъзоёни Ассосиатсияро дар мақомоти давлатӣ, маъмурӣ ва дигар мақомоту ташкилотҳо арзёбӣ мекунад;
  • такмил додан, коркард намудан ва баён намудани пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид мушкилоти ҷойдоштаи корхонаҳои саноати сабук, ки аъзоёни Ассосиатсия мебошанд;
  • иштирок дар иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди корхонаҳои истеҳсолӣ;
  • тибқи оинномаи мазкур дигар амалҳоеро, ки ба иҷрои ҳадафҳои Ассосиатсия кўмак мерасонанд, ба иҷро мерасонад.

 

4. Моликият ва воситаҳои Ассосиатсия

                        4.1.Моликияти Ассосиатсияро арзишҳои моддӣ ва захираҳои молиявӣ, ки дар баланс сабт гардидаанд ва моликияти Ассосиатсия маҳсуб меёбанд, ташкил медиҳанд.

4. 2.Сарчашмаҳои ташкили моликият:

  • ҳаққи дохилшавии иштирокчиён ба фонди оинномавӣ;
  • ҳаққи аъзогии солона ва пардохтҳои мақсадноки аъзоён;
  • пардохтҳои хайриявӣ;
  • даромад аз фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ;
  • қарзҳои дарозмўҳлат ва кўтоҳмуддат;
  • даромадҳо аз коғазҳои қимматнок;
  • дигар воридот.

4.3. Барои таъмини фаъолият Ассосиатсия аз ҳисоби пардохтҳои иштирокчиён  фонди оинномавиро таъсис медиҳад, ки ҳаҷм ва тартиби ба он гузарондани пардохтҳо аз тарафи иштирокчиён дар шартномаи муассисӣ нишон дода шудааст.

4.4. Ҳаққи дохилшавии аъзоёни Ассосиатсия ба фонди Оинномавӣ барои корхонаҳои калон 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ, барои корхонаҳои миёна 1250 (як ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ, барои корхонаҳои хурд 750 (ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ муқаррар карда шавад.

4.5.Ҳақки аъзогии солона барои корхонаҳои калон 1300 (як ҳазору сесад) сомонӣ, барои корхонаҳои миёна 750 (ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ, барои корхонаҳои хурд 450 (чорсаду панҷоҳ) сомонӣ муқаррар карда шавад.

4.6. Молкияте, ки Ассосиатсия аз ҳисоби сарчашмаҳои дар моддаи 4.2. нишондодашуда ба даст овардааст, ба ғайр аз воситаҳои ба қарз гирифта, фоидаи бадастовардашуда, инчунин, тамоми моликияти аз ҳисоби маблағҳои худӣ харидашуда, моликияти Ассосиатсия маҳсуб меёбанд. Тартиби хароҷот ва тақсими воситаҳои зикршуда бо қарори раёсат муайян мегардад.

4.5. Аз ҳисоби пардохтҳои иштирокчиён ва даромади гирифта Ассосиатсия фондҳои зеринро ташкил карда метавонад:

  • рушди истеҳсолот;
  • рушди илм ва техника;
  • тараққиёт ва маблағгузории капиталӣ;
  • пардохти музди кори кормандони идораи Раёсат;
  • намояндагӣ;
  • захиравӣ;
  • дигар фондҳо бо қарори иштирокчиён.

4.6. Ба моликияти Ассосиатсия бино, иншоот, таҷҳизот, ҷиҳоз, воситаҳои пулӣ, саҳмия, дигар коғазҳои қимматнок, дигар моликияте, ки барои таъмини моддии фаъолияти хоҷагидорӣ лозиманд, дохил шуда метавонанд.

4.7. Тибқи тартиби муқарраркардаи қонун Ассосиатсия ҳисоботи бухгалтерӣ ва омориро мебарад.

 

5. Мақомоти идора ва назорат

                        5.1. Мақомоти олии идории Ассосиатсия маҷлиси умумӣ-Конфронси намояндагони аъзоён маҳсуб меёбад.

5.2. Конфронси намояндагони аъзоён ҳуқуқ дорад дар бораи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти Ассосиатсия қарор қабул кунад.

Ба салоҳияти хоси Конфронс дохил мешаванд:

  • тасдиқ намудани Оинномаи Ассосиатсия, ворид намудани тағйирот ва илова ба он;
  • муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ассосиатсия, тарзҳои ташкил ва истифодаи моликияти он;
  • муайян намудани ҳаҷм ва тартиби пардохт намудани аъзоҳақии дохилшавӣ ва солонаи аъзоёни Ассосиатсия;
  • тартиби ташкили мақомоти идора;
  • интихоби Раёсати Ассосиатсия;
  • интихоби Комиссияи тафтишотии Ассосиатсия;
  • қабули қарорҳо оид ба азнавсозӣ ва барҳамдиҳии Ассосиатсия.

5.3. Конфронс аз рўйи зарурият даъват мешавад, на кам аз 1 бор дар          6 моҳ. Бо талаби 1/3 иштирокчиён ё на кам аз 2/3 ҳайати Раёсати Ассосиатсия  Конфронси ғайринавбатӣ даъват карда мешавад.

Конфронс метавонад ба тартиби иштироки шахсӣ ё ғоибона гузаронда шавад. Тартиби гузарондани Конфронсро Раёсат муайян мекунад.

Дар бораи мўҳлат, тартиби гузарондан, тартиби овоздиҳӣ ва рўзномаи Конфронс Раис бояд ба иштирокчиён на дер аз 14 рўзи то мўҳлати муайяншуда хабар расонад. На дертар аз 5 рўзи то баргузории Конфронс аъзоёни Ассосиатсия метавонанд дар бораи тартиби гузарондани Конфронс ва рўзномаи он пешниҳодҳо баён созанд.

5.4.Конфронс ҳуқуқи қарор қабул кардан дорад, агар дар кори он намояндагони на камтар аз 1/3 ҳамаи аъзоёни Ассосиатсия ширкат дошта бошанд.

Қарори Конфронс ба тарзи оддии овоздиҳии бештари намояндагони иштирокчиёне, ки дар овоздиҳӣ ширкат доранд, қабул карда мешавад.

Қарори Конфронс оид ба масъалаҳои салоҳияти хос бо овоздиҳии бештари аъзоёни Ассосиатсия, ки дар овоздиҳӣ ширкат доранд, қабул карда мешавад. Аз рўйи масъалаҳои зикршуда қарор ба тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ қабул мегардад.

5.5.Роҳбарии умумии фаъолияти Ассосиатсия дар давраи байни Конфронсҳо аз тарафи мақомоти мушовараи идора – Раёсати Ассосиатсия анҷом мепазирад.

 

                            5.6. Ба салоҳияти Раёсати Ассосиатсия дохил мешавад:

  • тасдиқи ҳисоботи солона ва баланси бухгалтерии солона;
  • тасдиқи нақшаи молиявӣ ва даровардани тағйирот ба он;
  • ташкил ва барҳам додани филиалҳо ва кушодани намояндагиҳо ва марказҳои минтақавӣ;
  • иштироки Ассосиатсия дар ташкилотҳои дигар;
  • тартиб додани нақшаҳои фаъолияти Ассосиатсия ва нақшаҳои маблағгузории барномаҳо ва лоиҳаҳои мақсаднок;
  • назорат аз болои иҷрои қарорҳои Конфронс;
  • интихоби Раис ва муовинони раиси Ассосиатсия;
  • қабули аъзоёни нав ба Ассосиатсия (шахсан ё аз рўйи рўйхат);
  • таъини воридшавии ҳаққи аъзогии дохилшавӣ, солона, пардохтҳои мақсаднок ва ғайра;
  • дигар масъалаҳое, ки ба салоҳияти хоси Конфронси намояндагони аъзоёни дохил намешаванд.

5.7. Раёсати Ассосиатсия аз тарафи Конфронс ба мўҳлати 5 сол интихоб мешавад. Шумораи аъзоёни Раёсатро Конфронс муайян мекунад.

5.8. Маҷлисҳои Раёсат аз рўйи зарурият гузаронда мешавад, вале на камтар аз 1 бор дар 2 моҳ. Маҷлиси Раёсат ҳамон вақт баргузоршуда ҳисоб мешавад, ки дар он на кам аз нисфи аъзоёнаш иштирок дошта бошанд. Қарорҳои Раёсат ба тарзи оддии овози бештари иштирокчиён қабул карда мешавад.

5.9. Раёсати Ассосиатсияро Раис роҳбарӣ мекунад, ки ўро Раёсат бо овоздиҳии кушода барои мўҳлати 5 сол интихоб кардааст. Дар набудани Раис вазифаҳои ў ба яке аз муовинони раис бо нишондоди Раис вогузор мешавад.

5.10. Раис ҳамаи масъалаҳои фаъолияти Ассосиатсияро мустақилона ҳаллу фасл менамояд, ба ғайр аз масъалаҳое, ки ба салоҳияти хоси Конфронси намояндагони аъзоён ва салоҳияти Раёсат вогузор шудаанд.

                        Раис:

  • бе боварихат аз номи Ассосиатсия амал мекунад, манфиатҳои онро дар доираи ҳуқуқҳои ба ў додашуда ҳимоя менамояд;
  • моликияти Ассосиатсияро фармонравоӣ мекунад;
  • дар бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳӣ суратҳисоб мекушояд;
  • шартномаҳо, аз ҷумла шартномаҳои меҳнатӣ мебандад;
  • боварихат медиҳад;
  • дар бораи таъини кормандон ба вазифаҳои мақомоти иҷроияи Ассотсиатсия, гузарондан ба дигар вазифа ва азкорравӣ фармон мебарорад, дар бораи ҳавасмандӣ ва ҷазодиҳии интизомӣ чораҳо меандешад, метавонад як қисми салоҳияти худро ба мақомоти иҷроия вогузор намояд;
  • бо арзи миллӣ-сомонӣ ва арзи хориҷӣ қарз мегирад;
  • ҳисоби бухгалтерӣ ва ҳисоботро ташкил менамояд.

5.11. На камтар аз 1 бор дар як сол Раёсат ба аъзоён дар бораи натиҷаи фаъолияти Ассосиатсия дар Конфронси аъзоён ҳисобот медиҳад.

5.12.Конфронс Комиссияи тафтишотиро ба мўҳлати 5 сол интихоб менамояд. Комиссия аз болои фаъолияти Раёсат назорат мебарад. Салоҳияти  Комиссияи тафтишотӣ, тартиби ба иҷро расондани назоратро маҷлиси умумӣ муайян мекунад.

5.13. Комиссияи тафтишотӣ ҳуқуқ дорад аз иштирокчиён ва шахсони мансабдори Ассосиатсия кулли ҳуҷҷатҳои зарурии бухгалтерӣ, молиявии ба масъалаҳои фаъолияти Ассосиатсия дахлдорро талаб карда гирад.

5.14. Дар ҳолати ошкор шудани аз мансаб истифодабарӣ ё пайдоиши хавф ба манфиатҳои аъзоёни Ассосиатсия, Комиссияи тафтишотӣ ҳуқуқ дорад даъват намудани Конфронси ғайринавбатии намояндагони аъзоёни Ассосиатсияро талаб намояд.

 

 

 

6.Аъзоёни Ассосиатсия, ҳуқуқҳо ва вазифаҳои онҳо

6.1.Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба ҳалли якҷояи ҳадафҳои оинномавии Ассосиатсия  ҳавасмандӣ зоҳир мекунанд, аъзоёни Ассосиатсия  шуда метавонанд. Дар Ассосиатсия, ҳамчунин, аъзогии фахрӣ дар назар дошта шудааст. Аъзоёни фахрии Ассосиатсия  шахсоне, ки ба талаботи умумии аъзогӣ ҷавобгўянд, буда метавонанд. Тартиби сарфароз намудан бо ин унвони аъзои фахрӣ дар Низомномаи алоҳида муайян карда мешавад.

6.2. Қабули шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба аъзогии Ассосиатсия бо қарори Раёсати Ассосиатсия дар асоси аризаи хаттии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ба ҷо оварда мешавад.

6.3. Муаасисони Ассосиатсия аъзоёни Ассосиатсия мебошанд.

6.4.Аъзоёни Ассосиатсия ҳуқуқ доранд:

  • дар идораи корҳо бо тартиби муайянкардаи Оинномаи мазкур иштирок намоянд;
  • дар маҷлиси умумӣ ва маҷлисҳои раёсати Ассосиатсия аз рўйи баррасии ҳамаи масъалаҳои дахлдори фаъолияти Ассосиатсия дархост пешниҳод намоянд, дар муҳокима ва қабули қарор ширкат варзанд;
  • дар бораи хароҷоти воситаҳои молиявӣ маълумот гиранд;
  • ба навбати аввал аз хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи Ассосиатсия истифода баранд;
  • дар баргаҳо ва мўҳрҳои худ тобеияти худро ба Ассосиатсия зикр намоянд;
  • ба фондҳои марказонида ва махсус, ки Ассосиатсия барои таъмини ташкили сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҳалли барномаҳои мақсаднок ташкил кардааст, пардохтҳо ворид созанд;
  • ба лоиҳа ва барномаҳои қабулкардаи Ассосиатсия бо шартҳои барои худ манфиатнок маблағгузорӣ намоянд ва қарз диҳанд;
  • дар асоси шартнома дар кори корхонаҳои муштарак, сохторҳои бозории ташкилкардаи Ассосиатсия ширкат варзанд;
  • аз иттилооти корӣ ва тиҷоратии дар Ассосиатсия ҷойдошта, ҳамчунин, аз ҳамаи хизматрасониҳои дар Ассосиатсия мавҷуда, натиҷаҳои фаъолияти он пурсамар истифода баранд;
  • аз ҳайати Ассосиатсия бароянд.

 

 

 

 

6.5. Аъзоёни Ассосиатсия ўҳдадоранд:

  • қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои қабулкардаи мақомоти идораи Ассосиатсияро дар доираи салоҳияташ риоя намоянд;
  • дастовардҳои умумии аъзоёни Ассосиатсияро афзун намоянд;
  • фикри аҳли ҷомеа ва оқибати иҷтимоии натиҷаи фаъолияти худро ҳангоми ҳалли вазифаҳои Ассосиатсия ҳамеша ба назари эътибор гиранд;
  • манфиатҳои шарикони дигарро эҳтиром намоянд, шартҳои шартнома, созишномаҳоро ҷиддӣ риоя кунанд, зиёни расондаро ҷуброн намоянд;
  • саривақт ҳаққи аъзогии дохишшавӣ, солона ва дигар пардохтҳоро аз рўйи тартиб ва ҳаҷми дар Оинномаи мазкур ва шартномаҳои байни аъзоёни Ассосиатсия муайяншуда пардохт намоянд;
  • барои пинҳон доштани сирри аз Раёсати Ассосиатсия ба даст оварда, ки барои шахсони сеюм дар назар дошта нашудаанд, тамоми чораҳоро андешанд;
  • ба мақомоти идораи Ассосиатсия иттилооти зарурии барои ба фаъолияти Ассосиатсия алоқамандро пешниҳод намоянд;

6.6. Аъзои Ассосиатсия ҳақ дорад бо хоҳиши худ аз аъзогии Ассосиатсия барояд, барои ин на дертар аз 3 моҳ то саннаи хориҷ шудан раёсатро ба таври хаттӣ бояд огоҳ намояд.

6.7. Ҳуқуқҳои аъзоёни Ассосиатсия ба шахсони сеюм дода намешаванд.

6.8.  Аъзогӣ ба Ассосиатсия бо сабабҳои зерин қатъ карда мешавад:

1)агар фаъолияти аъзои мазкур ба мақсад ва ҳадафҳои Ассосиатсия зид бошад;

2)дар сурати иҷро накардани ўҳдадориҳои аъзои Ассосиатсия;

3)дар ҳолати бо хоҳиши худ аз Ассосиатсия баромадани аъзои он дар  анҷоми соли молиявӣ (тибқи аризаи пешакии хаттии аъзо ба номи раиси Раёсати Ассосиатсия).

Аз рўйи моддаҳои 1 ва 2 банди мазкур қарорро Раёсат қабул менамояд, агар аксарият аъзоёни Раёсат овоз дода бошанд. Қарори Раёсат метавонад аз тарафи узви хориҷшуда ба Конфронси аъзоён барои даъвогӣ пешниҳод шавад. Дар ин сурат қарор ба тариқи овози бештари иштирокчиёни Конфронс қабул мегардад.

Аз рўйи моддаи 3 банди мазкур аъзогӣ ба Ассосиатсия ба тариқи бевосита қатъ карда мешавад. Дар ин бора Раис аҳли Конфронсро дар маҷлиси наздиктарин хабардор мекунад.

6.9. Ба Ассосиатсия аъзоёни нав қабул карда мешаванд. Корхонаҳо ва тащкилотҳое, ки Оинномаро эътироф менамоянд, вазифа ва ҳадафҳои Ассосиатсияро дастгирӣ менамоянд, ба аъзогии Ассотсиатсия қабул карда мешаванд. Қарор дар бораи қабулро Раёсати Ассосиатсия дар асоси аризаи хаттӣ ба номи Раиси ассосиатсия ба тасвиб мерасонад.

6.10. Дар ҳолати аз даст додани ҳуқуқи аъзогӣ ба Ассосиатсия иштирокчӣ аз рўйи ўҳдадорияш мутаносибан аз рўйи пардохтҳои худ давоми ду сол аз лаҳзаи хориҷ шудан ҷавобгарии субсидиарӣ ба зимма дорад.

6.11. Новобаста ба сабабҳои қатъи аъзогӣ пардохтҳои ҳаққи аъзогӣ баргардонда намешаванд.

 

7.Тартиби азнавсозӣ ва барҳамдиҳӣ

                        7.1.Ассосиатсия метавонад азнавсозӣ карда шавад (бо роҳи якҷоякунӣ, тақсимот, ҷудокунӣ, азнавсозӣ) ё бо қарори Конфронси аъзоён, ҳамчунин, аз рўйи дигар асосҳои дар қонун нишондодашуда барҳам дода шавад.

7.2.Барҳамдиҳӣ аз тарафи комиссияи барҳамдиҳӣ, ки Конфронси аъзоён интихоб мекунад, дар ҳолати барҳамдиҳии Ассосиатсия бо қарори мақомоти салоҳиятдор аз тарафи комиссияи таъинкардаи мақомоти мазкур анҷом дода мешавад. Аз лаҳзаи таъини комиссияи барҳамдиҳӣ салоҳияти идораи корҳои Ассосиатсия ба зиммаи он мегузарад.

7.3.Даъвоҳои қарзхоҳон аз ҳисоби воситаҳои пулии мавҷуда, дар ҳолати норасоии он аз ҳисоби фурўши моликияти Ассосиатсия қонеъ гардонда мешаванд.

7.4.Қисмати боқимондаи моликият ба мақсадҳое равона карда мешавад, ки маҳз ба ин мақсад Ассосиатсия ташкил шуда буд.

7.5.Ҳангоми азнавсозӣ ё қатъи фаъолияти Ассосиатсия ҳамаи ҳуҷҷатҳо (идоравӣ, молиявӣ-хоҷагидорӣ, ҳайати корӣ ва ғайра) мутобиқи қоидаҳои муайяншуда ба ташкилоти ҷойгузини он супорида мешавад, дар мавриди набудани ҷойгузин ҳуҷҷатҳо ба бойгонии давлатӣ супорида мешаванд.

 

8.Муқаррароти ҷамъбастӣ

                        8.1.Оинномаи мазкур аз лаҳзаи ба қайд гирифтан тибқи қонунгузориҳои муайян қувваи амал пайдо мекунад.

8.2.Амали Оинномаи мазкур ба тамоми давраи минбаъдаи фаъолияти Ассосиатсия ҷорӣ мегардад.

8.3.Муносибатҳое, ки бо Оинномаи мазкур ба танзим дароварда нашудаанд, дар асоси Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои дохилии Ассосиатсия, ки иҷроашон ҳатмист, ба танзим дароварда мешаванд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>