Шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ободонии ибратбахши деҳоти Кангурт

23.04.2015 10:40, ноҳияи Темурмалик

Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои сеошёнаи маркази таълимӣ ва хизматрасонии Меҳри Модар ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст. Маркази таълимию хизматрасонӣ асосан аз таълимгоҳи калонсолон бо синфхонаҳо барои омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ, забономӯзӣ, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ иборат аст. Танҳо дар коргоҳи дӯзандагии ин марказ наздики 150 нафар занону духтарон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ҳамагӣ беш аз 250 ҷойи корӣ дар ин бино муҳайё хоҳад шуд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ асосан дӯхти либоси мактабию корӣ ва либосҳои занона ба роҳ монда мешавад.

Тавре иттилоъ доданд, корҳои таълимию ҳунаромӯзӣ дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки бо шарофати истиқлоли давлатии Тоҷикистон, эҳёву рушди фарҳанги миллӣ ва афзун шудани шумораи сайёҳони хориҷӣ солҳои охир талабот ба маҳсулоти ин ҳунарҳои воло зиёд шудааст. Аз ин хотир, бо дастуру раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони завқманд ҳам рӯй ба ин амали сердаромад оварда, занону духтарони ҳунармандро бо кор ва маоши хуб таъмин менамоянд.

Дар ин бино ҳамчунин маркази хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва ҳам утоқҳои сершумори хизматрасонии маишӣ ба мисли сартарошхона, кошонаи ҳусн, устохонаҳои таъмири компютер, телевизор, телефон ва дигар асбоби рӯзгор ҷойгир мешаванд.

Дар паҳлӯи маркази таълимӣ ва хизматрасонӣ бинои дуошёнаи чойхонаи зебои миллӣ ва тарабхона ифтитоҳ ёфт, ки ҳарду дорои қариб 300 ҷойи нишаст мебошанд. Ин бино ҳам аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд ёфтааст. Дар ин бино 30 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Дар толори тарабхона хатнасури дастҷамъонаи 100 писарча ва тӯйи хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон аз хонаводаҳои ниёзманд ороста шуд, ки нишонаи пайравии соҳибкорони саховатпешаи кишвар ба амалҳои башардӯстонаи Сарвари давлат мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як писарчаи хатнашаванда бозичаю шириниҳо ва ба ҳар ҷуфти навхонадорон туҳфаҳои хотиравию асбоби рӯзгор ба мисли телевизору яхдон, гилем ва кортҳои бонкӣ бо маблағи муайяни пасандоз ҳадя намуд.

Дар ҳамин мавзеъ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони як бинои 6-ошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд, ки дорои қариб 50 хона хоҳад буд ва қисме аз онҳо чун манзили хизматӣ ба кормандони корхонаю муассисаҳои бунёднамудаи соҳибкор Анвар Қурбонов дода мешавад. Дар рафти сохтмони ин бинои истиқоматӣ қариб 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Чунонки аён мегардад, дар деҳаи Кангурт танҳо аз ҷониби як соҳибкор қариб 400 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Ин бозгӯй аз он аст, ки имрӯз деҳоти кишвар ҳам рӯй ба рушди босубот овардаанд.

Мардуми деҳоти Кангурт аз ин ободонӣ басо шод гардиданд. Бо дархости занону духтарони Кангурт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дастур дод, ки дар ин ҷо давоми 2 соли оянда Коллеҷи тиббӣ сохта, ба кор дароранд.

Мавриди зикри хос аст, ки бунёди ин биноҳо ва бисёр дигар иншооте, ки имрӯз дар ноҳияи Темурмалик ифтитоҳ меёбанд ва ё сохтмонашон идома дорад, бо супориши бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст. Ин супоришҳо ба соҳибкорони зодаи ноҳияи Темурмалик 18 марти соли 2013 дар деҳаи Танобчӣ ҳангоми боздид аз хонаи кӯдакони ятиму бепарастор дода шуда буд.

Дар асоси дастуру супоришҳои онрӯзаи Роҳбари давлат ва иқдоми соҳибкорон дар ноҳияи Темурмалик сохтмони 18 иншооти муҳимми истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда буд.

То имрӯз панҷ иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла таъмири роҳи мошингарди маркази ноҳия то ҷамоати деҳоти Қармишев ба масофаи 11 километр, сохтмони маркази хизматрасонӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти ғалла ва сангу шағал ва гармхонаҳои сабзавоткорӣ бо иқдоми соҳибкорони ноҳия ба анҷом расонида шудааст.

Дар баробари ин, сохтмони осоишгоҳ барои табобати 100 нафар дар як вақт бо лойи машҳури ноҳияи Темурмалик, бунёди боз як маркази хизматрасонӣ, маркази таъминот ва таъмири техникаи кишоварзӣ, корхонаҳои мебелсозӣ, коркарди пӯст ва тавлиди пойафзол, коркарди гиёҳҳои шифобахш, бинои маъмурии “Тоҷиксодиротбонк” ва дигар коргоҳҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорон идома дорад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати Кангурт ташриф оварда, нахуст бинои нави хобгоҳи мактаббачагонро, ки дорои 100 кати хоб аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Чунонки аён гардид, дар ин ҷо тамоми шароити зарурӣ барои будубоши шаборӯзӣ, дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғат муҳайё гардидааст. Дар мактаб-интернати Кангурт дорои таърихи шуҳратманд аст, зеро шахсиятҳои зиёди баруманд дар ин ҷо таълим гирифтаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи муҳассилини мактаб-интернат, ки аксаран ятиму бепарасторанд, планшет, сарулибоси мактабӣ ва дигар туҳфаҳо ҳадя намуд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои замонавии таълимии мактаб-интернати Кангурт оғоз бахшида шуд, ки бо 10 синфхона барои 500 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Дастур дода шуд, ки бинои таълимӣ дар зарфи 1,5 сол сохта, ба истифода дода шавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик мулоқоти тӯлонии судбахш анҷом дод.

Зимни суханронӣ, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд, ки дар ҷодаи ободу зебо гардондани ин гӯшаи ватанамон саҳмгузорӣ мекунанд, арзи сипос карда шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки ин раванди нек минбаъд низ идома меёбад ва соҳибкорону сармоягузорон ба ташкили коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти боз ҳам бештар медиҳанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин кишоварзони ноҳияи Темурмалик ва умуман ҳамаи ноҳияҳои мамлакатро ба истифодаи босамар аз ҳар як рӯзи мусоиди баҳор ва вусъат додани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозори дохилӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар даъват намуд.

http://www.president.tj/node/8734

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>